Автор: moderator | 13.07.2010

«РАВШАН»-И КӯЛОБ ФУТБОЛРО БА МУШТЗАНӣ ТАБДИЛ ДОД


Нарзуллоҳи ЛАТИФ, Радиои «Озодӣ»

Ду бозии даври 15-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, пас аз се бохти паиҳам ин дафъа дар майдони худ бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Ин бозӣ, ки 12-уми июл дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳузури 3000 мухлис баргузор шуд, комилан бо бартарии мизбонон гузашт.

Футболбозони «Вахш» дар нимаи аввали дидор ду бор имкони хуби голзанӣ доштанд. Вале дар дақиқаи 24-ум тӯби аз ҷарима задаи Меҳроб Заҳурбековро дарвозабони «Равшан» Неъмат Тошев баргардонд. Дар дақиқаи 36-ум Рустам Усмонов, ҳамлагари «Вахш», бо дарвозабони меҳмонон як ба як баромад ва зарбааш хато рафт.

Нимаи дуввуми бозӣ низ бо ҳуҷумҳои паиҳами қӯрғонтеппагиҳо гузашт, вале танҳо дар дақиқаи 89-ум тӯб вориди дарвозаи «Равшан» гардид. Ҳимоятгар Субҳон Хоҷамов тӯби аз самти рост ба ҷаримагоҳ задаи Рустам Хоҷаевро бо сараш ба тӯри дарвоза равон кард. Ин голи зебову ягона тақдири бозиро ба фоидаи «Вахш» ҳал намуд.

Вале, мутаассифона, рафтори ношоями бозигарони «Равшан» дар нимаи дуввуми бозӣ табъи мухлисонро хира кард. Меҳмонон майдони футболро ба майдони муштзанӣ табдил дода, на танҳо доварон, ҳамчунин, баъзе аз футболбозони «Вахш»-ро низ латукӯб карданд.

Сардовар Рустам Холов (аз шаҳри Душанбе) ду нафар бозигарони «Равшан» — Индус Ҳусейновро дар дақиқаи 75-ум ва Фирдавс Абдуллоевро дар дақиқаи 77-ум аз майдон ронд. Меҳмонон бо 9 нафар бозиро анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки доварон бо сарварии Рустам Холов аз ӯҳдаи вазифаашон бахубӣ баромада натавонистанд. Бахусус сардовар ба хатоҳои зиёд роҳ дод. Ӯ ҳатто голи дар дақиқаи 76-ум аз ҷарима, аз масофаи тахминан 45-50 метр ба самар расондаи ҳимоятгари «Вахш» Алексей Неъматовро ҳисоб накард. Ба гуфтаи сардовар дарвозабони меҳмонон ҳанӯз ҷояшро нагирифта будааст. Ҳол он ки Алексей Неъматов пас аз ҳуштаки сардовар зарба зад.

Дарвоқеъ дар мусобиқаи имсола Рустам Холов барои бори дуввум дар бозиҳои «Вахш» вазифаи сардоварро ба ӯҳда дошт ва дар бозии қӯрғонтеппагиҳо бо «Хуҷанд» (6-уми июн дар шаҳри Хуҷанд) низ бозиро хуб идора карда натавонист ва ин боиси ҷанҷолу кашмакашҳои мизбонону меҳмонон гардид.

Пӯлод Қодиров, нозири бозии «Вахш» — «Равшан», намояндаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, рафтори ношоистаи футболбозони «Равшан» дар федеросиюн мавриди муҳокима қарор мегирад ва гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд.

Дар бозии дигари даври 15-ум дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ тими «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ду голи мизбононро Парвиз Оев ва Руслан Таваккалов, як голи меҳмононро Шуҷоат Неъматов ба ҳадаф расонданд.

Ду бозии охирини даври 15-ум бегоҳи 13-уми июл байни дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шуданд.

Ҳоло «Регар» ТадАЗ бо 32 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона аст. «Истиқлол», ки 31 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷои дуввум қарор дорад. Вале «Истиқлол» нисбат ба рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ — «Регар» ТадАЗ — як бозӣ бештар анҷом додааст. «Вахш» бо 24 имтиёз аз 14 бозӣ дар ҷои севум ва «Хайр»-и Ваҳдат бо 23 имтиёз аз 13 бозӣ дар ҷои чаҳорум мебошанд.

Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» то ҳоло ягон бозиро бой надодаанд, вале «Равшан» ягона дастаест, ки ҳанӯз шаҳди ғалабаро начашидааст ва дар ҷои охирин қарор дорад.

Натиҷаи бозиҳо:

«Вахш» — «Равшан» — 1:0

Гол: Субҳон Хоҷамов, 89.

«Парвоз» — «Энергетик» — 2:1

Голҳо: Парвиз Оев, Руслан Таваккалов – Шуҷоат Неъматов.

«Хуҷанд» — «Истиқлол» — 0:1

Гол: Юсуф Рабиев.

«Регар» ТадАЗ — ССКА «Помир» — 0:0

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА

Б Ғ М Б Т/Т Х
1 «Регар» ТадАЗ (Турсунзода) 12 10 2 0 39-5 32
2 «Истиқлол» (Душанбе) 13 9 4 0 28-8 31
3 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 14 7 3 4 17-13 24
4 «Хайр» (Ваҳдат) 13 7 2 4 23-17 23
5 «Энергетик» (Душанбе) 14 4 3 7 17-23 15
6 ССКА «Помир» (Душанбе) 13 3 5 5 12-19 14
7 «Парвоз» (Б.Ғафуров) 12 3 2 7 15-23 11
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 12 1 5 6 13-23 8
9 «Равшан» (Кӯлоб) 13 0 2 11 6-38 2

Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 13 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) – 11, Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ) ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.

Advertisements

Responses

  1. bezobrazie na polyah tajikistana prodolzhaetsya .

  2. Хайвон будиян ку ин футболистои равшан (( Свинский поступок…..

  3. илтимос касе узбакира дона тарчума кунен дар сайти патакор чи навиштиян акмал холматов кучо рафтай

    Холматов «Пас»га кўчиб ўтди
    Ярим ҳимоячи Акмал Холматов фаолиятини Эрон пролигаси иштирокчиси Ҳамадоннинг «Пас» жамоасида давом эттиради.
    Эндиликда жамоамизнинг собиқ футболчисига айланган Холматов ҳамадонликлар билан 2 йиллик шартномага имзо чекди. Кеча барча масалалар тўлиқ ҳал этилди ва Акмалнинг «Пас»га кўчиб ўтиши ойдинлашди. Янги клуби таркибида бир неча машғулотларда иштирок этишга улгурган Холматов бугун жамоа мавсумолди тайёргарлик жараёнини ўтказаётган Голландияга йўл олди. «Пас»нинг асосий таркиби бир неча кун олдин айнан «лолалар ўлкаси»га учиб кетганди. Ҳамадонликлар сафида у саккизинчи рақамли либосда ҳаракат қилади. Дастлаб ярим ҳимоячига еттинчи рақамни топширишганди, лекин кейинчалик Акмалнинг бутун фаолиятини саккизинчи рақамда ўтказганидан хабар топган «Пас» раҳбарияти унга севимли рақамини тақдим этишди. Клуб раҳбариятининг таъкидлашича, ўзаги ёш футболчилардан иборат «Пас»да Холматов ўзининг бой тажрибаси билан етакчиликни қўлга олади.
    Биз «Пахтакор» футбол клуби ва жамоамиз ишқибозлари номидан Холматовга Эрондаги фаолияти омадли чиқишини тилаб қоламиз.

    • типа: нимхимоятгар АХ фаъолияташр дар ПАС (Хамадон), ки дар пролигаи Эрон хунарнамои мекунад давом хохад дод. Ну дальше типа, теперь «бывший» игрок нашего клуба заключил контракт с хамадонцами на 2 г.
      давомаш мегуяд, ки вай дар хайати Пахтакор даври тайёриро дар Голландия гузаронидааст. вобщем дар хайати ПАС тахти раками 8 хунарнамои хохад кард, яъне тахти раками дустдоштаи худ. ну и что бозигарони чавони ПАС аз тачрибаи бои вай бахрабар хоханд шуд.
      ва дар охир гуфтааст, ки мо мухлисони «Пахтакор» барои Холматов дар Эрон барори кор хохонем.
      Типа хамин дия…

  4. Полузащитник «Пахтакора» и национальной сборной Таджикистана Акмал Холматов продолжит свою карьеру в иранской профессиональной лиге в клубе «ПАС» из Хамадана. Холматов подписал 2-летний контракт с иранским клубом. В новом клубе он будет играть под номером 3.

  5. Сегодняшние результаты после первого тайма:
    «Худжанд» — «Истиклол» — 0:1 (Гол забил Юсуф Рабиев)
    «Регар» ТадАЗ — ЦСКА «Памир» — 0:0

  6. Результаты сегодняшних матчей:
    «Худжанд» – «Истиклол» – 0:1
    Гол забил Юсуф Рабиев.
    «Регар» ТадАЗ – ЦСКА «Памир» – 0:0


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

Рубрики

%d такие блоггеры, как: