Автор: moderator | 05.07.2010

«ВАХШ» БЕ САРПАРАСТ МОНДААСТ!


Рӯзи якшанбеи 4-уми июл се бозии даври 14-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони Тоҷикистон, боз шикаст хӯрд.

«Вахш» дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе аз тими мизбон – ССКА «Помир» бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро Шамсиддин Қосимов дар дақиқаи 34-ум ба самар расонд. Воқеъан, ин бохти севуми паиҳами қаҳрамони футболи Тоҷикистон ба шумор меравад. «Вахш» баъди ин нокомӣ дар ҷадвали мусобиқа як зина поён – ба ҷои чаҳорум фуромад.

Ҳикматулло ШАМСИДДИНОВ, сардори дастаи «Вахш», иллати нокомии қаҳрамони футболи Тоҷикистонро дар се бозии охир ба радиои Озодӣ чунин шарҳ дод: «Вахш», ки ба даври ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) роҳхат гирифтааст, дар айни ҳол бе серпараст мондааст ва бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла мушкилоти молӣ рӯбарӯст. Аъзои даста чанд моҳи ахир на маош мегиранд ва на мукофотпулӣ. Муроҷиати чандинкаратаи мо ба раҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа ҳеҷ гуна натиҷа надод. Дар як вилояти калони ҷумҳурӣ тоҷироне ёфт намешаванд, ки моро сарпарастӣ намоянд. Дастаи «Вахш», ки имсол ҷашни 50-солагӣ дорад, моҳи сентябр дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё шарафи Тоҷикистонро ҳимоя хоҳад кард, вале бо чунин аҳвол мо чӣ гуна ба ин мусобиқаи байналмилалӣ омодагӣ мебинем?! Маблағи сафари моро барои ширкат дар ин мусобиқа ба Мянмар кӣ пардохт мекунад? Агар дастаи «Вахш», ки ҳазорҳо мухлисон дорад, аз ҷониби масъулини соҳа ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа дастгирӣ наёбад, пас мо маҷбур мешавем, ки дастаро пароканда карда, футболбозонро ҷавоб диҳем».

Дар бозии дигари даври 14-ум «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар бозиро бо дастаи меҳмон — «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ҳисобро дар дақиқаи 2-юм Шавкати Ҳотам, бозигари «Энергетик», боз кард. Голи ҷавобиро Абдулҳафиз Иброҳимов («Хуҷанд») дар дақиқаи 34-ум ба самар расонд.

«Равшан»-и Кӯлоб дар шаҳри Ваҳдат аз тими «Хайр» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ду голро Мирзобек Мирзоев дар дақиқаҳои 10-ум ва 61-ум вориди дарвозаи кӯлобиҳо кард. Голи севуми «Ваҳдат»-ро Низом Раҳимов дар дақиқаи 26-ум зад. Ин ғалаба ба футболбозони шаҳри Ваҳдат имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои севум бароянд.

Ба иллати ширкати дастаи «Истиқлол» дар бозии байналмилалии дӯстона бо тими «Ҳассен Кассел»-и Олмон бозии даври 14-ум байни «Истиқлол» ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ба рӯзи 21-юми июл гузаронида шуд.

Дар ҷадвали мусобиқа мисли пешин дастаи «Регар» ТадАЗ бо 28 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Тими «Истиқлол» низ 28 имтиёз ба даст овардааст, вале бо дарназардошти шумораи ғалаба ва таносуби тӯбҳо дар ҷои дуввум қарор дорад. Инчунин «Истиқлол» нисбат ба рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ — «Регар» ТадАЗ ду бозӣ бештар анҷом додааст.

Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» то ҳоло ягон бозиро бой надодаанд, вале «Равшан» ягона дастаест, ки ҳанӯз шаҳди ғалабаро начашидааст.

Нарзуллоҳи ЛАТИФ, Радиои «Озодӣ»

Реклама

Responses

  1. SOS!!!

  2. Переведите пожалуйста комментарии на русский язык, я не понимаю на таджикском прошу вас.

  3. Пожелание болельщиков для нас закон. Постараемся через пару минут перевести.

  4. Я благодарю вас за то что вы делайте для нас спасибооооооооооооооо.

  5. Ҳикматулло Шамсиддинов, сардори дастаи «Вахш», иллати нокомии қаҳрамони футболи Тоҷикистонро дар се бозии охир ба радиои Озодӣ чунин шарҳ дод: «Вахш», ки ба даври ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) роҳхат гирифтааст, дар айни ҳол бе серпараст мондааст ва бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла мушкилоти молӣ рӯбарӯст. Аъзои даста чанд моҳи ахир на маош мегиранд ва на мукофотпулӣ. Муроҷиати чандинкаратаи мо ба раҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа ҳеҷ гуна натиҷа надод. Дар як вилояти калони ҷумҳурӣ тоҷироне ёфт намешаванд, ки моро сарпарастӣ намоянд. Дастаи «Вахш», ки имсол ҷашни 50-солагӣ дорад, моҳи сентябр дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё шарафи Тоҷикистонро ҳимоя хоҳад кард, вале бо чунин аҳвол мо чӣ гуна ба ин мусобиқаи байналмилалӣ омодагӣ мебинем?! Маблағи сафари моро барои ширкат дар ин мусобиқа ба Мянмар кӣ пардохт мекунад? Агар дастаи «Вахш», ки ҳазорҳо мухлисон дорад, аз ҷониби масъулини соҳа ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа дастгирӣ наёбад, пас мо маҷбур мешавем, ки дастаро пароканда карда, футболбозонро ҷавоб диҳем».
    ————————————-

    Зенит-Питер, по вашей просьбе переводим дословно:
    ————————————
    Хикматулло Шамсиддинов, начальник футбольного клуба «Вахш», в интервью радио «Озоди» прокомментировал последние неудачи чемпиона в чемпионате Таджикистана: «Вахш», завоевавший путевку в решающую стадию Кубка президента АФК, в данное время остался без спонсора и столкнулся с большими финансовыми проблемами. Члены клуба в последние несколько месяцев не получают не только заработную плату, но и премиальные за выигрышные матчи. Наше неоднократное обращение к руководству Хатлонской области и города Курган-Тюбе не дало никаких результатов. В такой большой области республики не найдутся предприниматели, которые стали бы нашими спонсорами. Команда «Вахш», которая в этом году отмечает 50-летие со дня своего образования, в сентябре этого года будет защищать честь нашей республики в финальном раунде Кубка президента АФК, но к сожалению, с таким положение, в которую мы угодили, как мы можем готовиться к этому престижному международному турниру?! Кто же возьмет на себя наши дорожные расходы на поездку в Мьянму? Если «Вахш», который имеет тысячи болельщиков, не найдет должную поддержку со стороны ответственных лиц хукуматов Хатлонской области и города Курган-Тюбе, тогда мы вынуждены будем расформировать команду, и распустить футболистов».

  6. v nature SOS ,khuje nekuda,no nado vsegda nadeyatsya na luchshee)

  7. Пуст ФФТ тоже как нибуд помогает или им до лампачки если погибает такой самобитний клуб как вахш ….

  8. ploho ploho dela u vakhsha esli komande raspustyat to blog tozhe raspustyat eeeee neeeet ((((

  9. Кто знает сайт Президента Таджикистана Эмомали Рахмон,напишем ему может поможет.

    • pravilno govorit zenit nuzhno napisat pismo prezidentu on ved u nas sportivni prezident olimpiiskogo komiteta tem bolee)))))) uvazhaemiy emomali rahmon pozhaluista momagite nashemu vakhshu daite ukazanie avzalovu chtob pomog vakhshu)))))

    • Зенит, спасибо за идею и поддержку, если в ближайшее время проблема не решится, то админ блога обязуется написать письмо на имя президента Таджикистана.

  10. sei4as dazhe ne do kubka afk viigraev kubok ili net vakhsh nuzhno spasti komandu ot bankrorstva glavnoe

  11. Не надо допустить чтоб наша команда еще в свой юбилей расформировала и распустила команду.
    Я прошу болельщиков ФК,ВАхш-а написать на сайт президента попросить о помощье нашей команды вдруг повезёт как повезло ФК.Томь.

  12. yak gapton bugum bratano i hamash baroi kubik AFK boy dodestay vakhsh sum jam kadestay bozi furuhtestay Myammar merava baroi hamu karo4i baroi hamiay i hamsh lekin baroi mo darkor nest hamu kuibok AFK baroi mo 4empionati tijikiston vazhniay!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!_-_POMOGITE NAM_-_ FFT NASH KLUB PROST IS4EZAET NA NASHIH GLAZAH KAK TORPEDO MOSKWA!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!1

  13. Sos Sos Sos!!!!!!!!!! admin napi6ite pismo prezidentu sait u nego est mozhno naiti na yandexe

  14. Vot na6el sait prezidenta Tajikistana napi6ite kto nibud http://www.president.tj

    • Спасибо USA!!!!!А ему нужно писать на таджикском языке или на русском?

  15. eeeeeeeeeee yagon kas gap namezana????????????

    • Рустам, админ блога готов написать письмо на имя главы республики многоуважаемого Эмомали Шарифовича Рахмона. Если проблема не решится, то в ближайшие дни админ блога напишет письмо на сайт президента Таджикистана и копию письма опубликует на этом блоге!

  16. Спасибо всем за поддержку «Вахша»! Если в ближайшее время проблема не решится, то админ блога обязуется написать письмо на имя президента Таджикистана.

  17. Дурст дуруст хат навиштан даркорай Эмомали Рахмонда бояд хамаш нагз шава.,,, Урусо меган ки надежда умераит последняя,,..

  18. Кто помнит как болельщик ФК.Томи подержали свою команду они сделали это все вместе написали В.В.Путину.А мы должны написать Эмомали Рахмону и это должны сделать все вместе,пишите письмо президенту у нас все получится дорогие болельщики.

  19. spasiba vam admin inshallah vse reshitsya i na nashei ulice budit prazdnik!!!!!!!!!!!

  20. Спасибо все кому не безразлчно судба нашего Вахша))

  21. Э рустам вахш бозира нафурухтай ту болельщик мешиди и гап намегуфти

  22. у вахша одна проблема это финансовая а так он хороший футбол показывает! надеюсь 18-го победим Хайра!


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

Рубрики

%d такие блоггеры, как: