Автор: moderator | 28.06.2010

БОХТИ СЕВУМИ «ВАХШ»


Рӯзҳои истироҳат ду бозии даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд, ки бо пирӯзии мизбонон – футболбозони дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Истиқлол»-и Душанбе ба анҷом расид.

Рӯзи 26-уми июн дар Варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дастаи мизбон – «Хайр» бар тими ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Ҳамаи голҳо дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Се голи мизбононро Олим Зарифов (дақиқаи 10-ум), Обидҷон Исмоилов (12) ва Мирзобек Мирзоев (32) ба самар расонданд. Ду голи ССКА «Помир»-ро Ҷонибек Ғаффоров (19) ва Далер Раҷабов (29) вориди дарвоза карданд.

Рӯзи 27-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаҳои «Истиқлол» ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа қувва озмуданд. Ин бозӣ низ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Ду голи «Истиқлол»-ро Юсуф Рабиев, капитани даста, дар дақиқаҳои 28-ум ва 71-ум ба ҳадаф расонд. Воқеъан, Рабиев бо 12 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ба ҷои аввал баромад. Як голи дигари «Истиқлол» ба Фирдавс Қурбонов (дақиқаи 22-юм) мутааллиқ аст. Голҳои «Вахш»-ро Рустам Усмонов (42) ва Рустам Хоҷаев (57) ба самар расонданд.

Ба иллати ширкати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои санҷишӣ дар Чин рӯзҳои 26-ум ва 30-юми июн, инчунин, бозии дӯстонаи «Истиқлол» бо тими «Хассен Кассел»-и Олмон 3-юми июл дар Душанбе, Федеросиюни футболи Тоҷикистон мӯҳлати баргузории 11 бозии сабқати лигаи олиро тағйир дод. Чунончи, ду бозии дигари даври 13-ум байни дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода — «Энергетик»-и Душанбе ба 7-уми июл ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд — «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ба рӯзи 21-юми июл гузаронида шудааст.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Регар» ТадАЗ, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 28 имтиёз пешсаф мебошад. Тими «Истиқлол» низ 28 имтиёз ба даст овардааст, вале бо дарназардошти шумораи ғалаба ва таносуби тӯбҳо дар ҷои дуввум қарор дорад. Дастаи «Вахш» бо 21 имтиёз дар ҷои саввум аст.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» то ҳоло ягон бозиро бой надодаанд, вале «Равшан» ягона дастаест, ки ҳанӯз шаҳди ғалабаро начашидааст.

Натиҷаи бозиҳои даври 13-ум:

«Хайр» — ССКА «Помир» — 3:2

Голҳо: Олим Зарифов, 10, Обидҷон Исмоилов, 12, Мирзобек Мирзоев, 32 – Ҷонибек Ғаффоров, 19, Далер Раҷабов, 29.

«Вахш» – «Истиқлол» – 2:3

Голҳо: Рустам Усмонов, 42, Рустам Хоҷаев, 57 – Фирдавс Қурбонов, 22, Юсуф Рабиев, 28, 71.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА

И В Н П М О
1 «Регар» ТадАЗ (Турсунзода) 10 9 1 0 35-4 28
2 «Истиқлол» (Душанбе) 12 8 4 0 27-8 28
3 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 12 6 3 3 16-12 21
4 «Хайр» (Ваҳдат) 12 6 2 4 20-17 20
5 «Энергетик» (Душанбе) 11 4 2 5 14-16 14
6 ССКА «Помир» (Душанбе) 11 2 4 5 11-19 10
7 «Парвоз» (Б.Ғафуров) 11 2 2 7 13-22 8
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 1 4 5 11-21 7
9 «Равшан» (Кӯлоб) 11 0 2 9 6-34 2

Бозиҳои навбатӣ:

4-уми июл (якшанбе)

«Энергетик» — «Хуҷанд»

ССКА «Помир» — «Вахш»

«Равшан» — «Хайр»

Нарзуллоҳи ЛАТИФ, Радиои «Озодӣ»

Advertisements

Responses

  1. хайр вахдат охиста охиста вахшда наздик шудестай

  2. xaer……….. vakhsha oista oista….. (ФАНАТ ХАЙРА, ВАШ КОММЕНТАРИЙ БЫЛ ИЗМЕНЕН — АДМИН.)

  3. bozi dogavarnoi bud s istiklolom ) nosir ti bi na matche ))

  4. ne brat ma dar bozi nabudum no lekin medonimki bozi dagavarnoee bud oxi lyuboe tupoe znaet shto igra bilo dagovarnaya amu sumi taksira sudyada medod nameshid ???

  5. dar kurgan bozi meshud boleshiko 2 somoni medod medromad igrokoda premya meshid brat USA!!!

  6. nosir eslib igrа bilа dаgornoi no schеt bil 2-2 pаtom zhе istiklоl zаbil gol

  7. вахш сеюм чо меша имсол максади асосия кубоки афкара бугиран басай барои курган

  8. 1/4 ФИНАЛА ЧМ:
    Голландия v Бразилия
    Уругвай v Гана
    Аргентина v Германия

  9. Кстати, в недавнем товарищеском матче сборная Китая, которой таджикские футболисты проиграли 0:4, обыграла саму сборную Франции со счетом 1:0!

  10. istiklol s hesen-kassel igraet 3 jule v dushanbe reklama idet po tv ezhednevno

  11. istiklol budet championom ya uveren

  12. Кубок Президента АФК кай мешавад админ????? Дар кучо мешавад?????

  13. Приветствую всех болельщиков и фанатов ФК.Вахш!!!
    Прошу Вас кто живет на данный момент в Таджикистане провести какую нибудь акцию в поддержку нашего великого и любимого клуба ВАХШ. С уважением ваш соотечественник.

  14. zenit prav akcia mi vmeste nuzhna

  15. Otkroite specschet v banke ya otpravlyu iz USA

  16. Просим руководства ФК.Вахш написать в блоге свой счет в банке или паспортные данные иного человека по которым мы сможем отправит деньги.

  17. ya tozhe gotov pomo4 4em moggu))))) tolko nuzno vse vmeste usiliya ob6ie nuzhni)))))))

  18. Носир дар хотират гир гапа наметони рида гам нате 21та маънош фк»вахш» бозира на фурухтай

  19. Вилья забил из офсайда
    ——————
    В список судейских ошибок на ЧМ-2010 добавился еще один момент. Единственный гол на 63-й минуте последнего матча 1/8 финала между сборными Испании и Португалии форвард «Красной фурии» Давид Вилья провел из сантиметрового, но все же офсайда. В стремительной концовке атаки на завершение с левой стороны ворот Вилью вывел Хави, который в ходе комбинации до этого получил пас в полукруге штрафной от Андреса Иньесты. Опекавший соперника Симау остался у автора гола за спиной и не смог помешать ему сначала пробить, а после сэйва Эдуарду дослать мяч под перекладину. Просчет Эрнана Майданы — бокового судьи из аргентинской бригады Эктора Бальдасси — подтвердили в разборе игры и эксперты немецкого телеканала ZDF.
    Напомним, что именно на первой стадии плей-офф арбитры допустили два вопиющих прокола. Уругвайская бригада Хорхе Ларрионды с помощником Маурисио Эспиносой не зафиксировали взятие ворот при счете 2:1 после удара с отскоком мяча от перекладины за линию ворот англичанина Фрэнка Лэмпарда в поединке Германия — Англия (4:1). Итальянская бригада Роберто Розетти с помощником Стефано Айрольди засчитала взятие ворот из метрового офсайда открывшего счет аргентинца Карлоса Тевеса в дуэли Аргентина — Мексика (3:1).

  20. nikakova ofsaida ne bylo 4istii gol byl

  21. spain champion ole ola

  22. офсайд бил микраскапический но он бил так что португалия не заслужено вылитела

  23. e alisher tu 21gi …… bjik bshiki bo naram——usisha fam xdit bla !!!!

  24. cskara meburem in hafta ma megum 2-1 ba foidi vakhsh

  25. смотрити чо сделал роналду вчира
    —————-
    Роналду плюнул в сторону телеоператора
    Капитан сборной Португалии Криштиану Роналду был настолько расстроен поражением в 1/8 финала чемпионата мира от испанцев со счётом 0:1, что сорвал злость на телеоператоре. После финального свистка последний пытался заснять португальца крупным планом, что вызвало раздражение у футболиста, он жестами отогнал оператора, а затем плюнул в его сторону, сообщает ESPN.

  26. a ba4aho jang naknen ay ma prsen ohi vakhsh bozisha furuht ma hamuja budum dar dushanbe didum ohi!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

  27. nash vakhsh vse isportil blin eto vse rukavodstva ih nado minyat i togda vse budet horosho

  28. ne soglasen u vakhsa horoshee rukovodstvo


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

Рубрики

%d такие блоггеры, как: