Автор: moderator | 07.06.2010

БЕНИЗОМӣ ДАР БОЗИИ «ХУҶАНД» — «ВАХШ»


Бознашр – Радиои «Озодӣ». Муаллиф – Нарзуллоҳи Латиф

Рӯзҳои 5-ум ва 6-уми июн бозиҳои даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Рӯзи шанбе дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и шаҳри Бобоҷон Ғафуров дастаи мизбон – «Парвоз» дар ҳузури 3500 тамошобин аз тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Фарҳод Ҳикматуллоев, бозигари «Парвоз», дар дақиқаи 13-ум тӯби аз кунҷи майдон ба ҷаримагоҳ задаро бо сараш вориди дарвоза кард ва ҳисобро боз намуд. Пас аз 7 дақиқа Низом Раҳимов, ҳамлагари «Хайр», бо зарбаи сахту нишонрас ҳисобро баробар кард. Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари меҳмонон, дар дақиқаи 35-уми бозӣ голи дуввуми «Хайр»-ро ба самар расонд.

Футболбозони ҳарду даста ҳарчанд дар нимаи дуввуми дидор бисёр вазъиятҳои хуби голзанӣ доштанд, ҳисоб тағйир наёфт. Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ сардовар Олим Норбоев (Душанбе) се бозигарро аз майдон пеш кард. Дар дақиқаи 53-юм Исроил Идиев, капитани «Хайр», ва Фарҳод Ҳикматуллоев, нимҳимоятгари «Парвоз», ки ба ҳар кадом ду корти зард нишон дода шуд, аз бозӣ хориҷ гаштанд. Дар дақиқаи 79-ум, инчунин, Мирзобек Мирзоев, аз дастаи «Хайр», барои ду корти зард маҷбур шуд, ки майдонро тарк намояд.

Бозии дигари даври 10-ум рӯзи 5-уми июн дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар байни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳузури 700 тамошобин баргузор шуд. Бозӣ бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи душанбегиҳо хотима ёфт. Голҳоро аз дастаи мизбон — «Энергетик» — Алишер Ӯлмасов (дақиқаи 15-ум), Пирмурод Бурҳонов (28), Акмалҷон Авазов (41) ва Азим Юнусзода (89) заданд. Як голи «Равшан»-ро Фаридун Рустамов (32) ба самар расонд. Дар ин бозӣ дарвозабони «Энергетик» Сӯҳроб Баротов дар дақиқаи 2-юми бозӣ барои берун аз ҷаримагоҳ бо даст бозӣ кардан корти сурх гирифта, майдонро тарк кард.

Ду бозии охирини даври 10-ум рӯзи якшанбеи 6-уми июн барпо гардид. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони Тоҷикистон, дар варзишгоҳи нави шаҳри Хуҷанд, ки дорои 25 ҳазор ҷои нишаст мебошад, бо дастаи мизбон – «Хуҷанд» қувваозмоӣ кард. Ин бозиро, ки хеле тезу тунд сурат гирифт, 4500 нафар мухлисон тамошо карданд. Ҳамин ки бозӣ шурӯъ шуд, мизбонон ба ҳуҷум гузаштанд. Ба бозигари «Хуҷанд» Муҳаммадҷон Умматқулов дар дақиқаи аввали дидор муяссар шуд, ки тӯбро ба тӯри дарвозаи меҳмонон зада, ҳисобро кушояд. 10-15 дақиқаи нимаи аввали бозӣ бо ҳуҷумҳои пасиҳами «Хуҷанд» ҷараён дошт. Вале баъдан меҳмонон ташаббусро ба даст гирифтанд, вале баробар кардани ҳисоб дар қисми аввал ба онҳо муяссар нашуд.

Пас аз танаффус дар ҳайати «Вахш» ба ҷои легионер Элайҷо Арийе (аз Гана) ҳамлагари моҳир Нӯъмонҷон Ҳакимов баромад. Бозии қӯрғонтеппагиҳо ранги дигар гирифт ва футболбозони «Вахш» пайваста ҳуҷум мекарданд. Маҳмадалӣ Содиқов дар дақиқаи 57-ум тӯби ҳавододаи Нӯмонҷон Ҳакимовро бо сар ба нишон расонда, ҳисобро баробар кард. Баъди 25 дақиқа Нӯъмонҷон Ҳакимов тӯбро бо сар вориди дарвоза нумуд ва дастаашро пеш баровард. Дар дақиқаи 84-ум Зокир Бердиқулов, бозигари «Хуҷанд», тӯбро аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд ва бозӣ бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт.

БОЗӣ БА ХУШУНАТ ПЕЧИД

Вале, мутаассифона, ин бозии рақибони аслӣ бо айби мудири бошгоҳи «Хуҷанд» Ҷамшед Марофиев ва як нафари дигар, ки аз ӯ Неъмат ном мебурданд ва бар хилофи низомномаи мусобиқа дар паҳлӯи раҳбарону мураббиёни даста менишаст, табъи меҳмононро хира кард.

Ҳарду бо дашномҳои қабеҳ ба мураббиёну футболбозони дастаи меҳмон ҳуҷум карда, бо ин рафтори ношоямашон миёни футболбозон низоъ бармеангехтанд.

Аз ҷониби баъзе аз мухлисон низ беҳурматӣ нисбати меҳмонон ба назар мерасид ва онҳо буталҳои пластикиро сӯи меҳмонон ҳаво медоданд. Танҳо бо дахолати кормандони милиса кашмакашиҳои тӯлонии мизбонон бо меҳмонон хотима ёфта, бозӣ бо мушкилоти зиёд то охир расонда шуд.

«Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд. Агар нозирони тартибот ва нозири доварон Мӯъмин Ҳамидов (чаро кумитаи нозирони Федеросиюни футболи кишвар нозирро аз Хуҷанд, ки дастаи ин шаҳр бозӣ мекунад, таъин кардааст?) саривақт пеши ин гуна корҳоро мегирифтанд ва сардовар Рустам Холов (Душанбе) ба онҳо ҷазо медод, ин амали ношоиста то анҷоми бозӣ давом намекард.

Воқеъан, сардовар ба чаҳор бозигари «Вахш» ва се бозигари «Хуҷанд» корти зард нишон дод, яъне ба онҳо огоҳӣ дод. Ба ду бозигари «Вахш» Баҳодур Шарифов дар дақиқаи 88-ум барои суханҳои қабеҳ нисбат ба раҳбарони тими рақиб ва Субҳон Хоҷамов барои зарб додани рақиб баъди анҷоми бозӣ корти сурх нишон дод.

Инчунин, сардовар бозигари «Хуҷанд» Искандар Гадоевро, ки дар вақти изофӣ (90+5) рақибашро зарба зад, аз майдон пеш кард.

«МО БА ФЕДЕРАТСИЮНИ ФУТБОЛ ШИКОЯТ КАРДЕМ»

Мубин Эргашев, мураббии калони дастаи «Вахш», аз чунин «меҳмоннавозӣ»-и мизбонон изҳори нигаронӣ карда, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳеҷ гумон надоштем, ки моро дастаи «Хуҷанд» бо чунин рафтору кирдори ношоям истиқбол мекунад. Бозии мо як ҳафта пеш, 29-уми май дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа хеле шавқангезу одилона баргузор шуда буд, ки аз натоиҷи он меҳмонон изҳори қаноатмандӣ карда буданд. Вале дар Хуҷанд нисбати мо хеле беҳурматӣ карданд. Мо аз болои раҳбарони даста ба Федеросиюни футболи Тоҷикистон шикоят бурдем. Ва ин шикояти худро бо аксҳову наворҳо пешниҳод намудаем ва умедворем, ки кумитаи интизоми Федеросиюн ин масъаларо мунсифона баррасӣ хоҳад кард».

Ба иттилоъи Сафар Каримов, раиси кумитаи интизоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон шикояти дастаи «Вахш» рӯзи 8-уми июн мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

БОЗИҲОИ ДИГАР

Бозии охирини даври 10-ум, ки рӯзи якшанбе дар варзишгоҳи «Автомобилист» -и Душанбе, байни дастаи мизбон – «Истиқлол» ва ССКА «Помир»-и Душанбе доир шуд, бо ҳисоби 0:0 ба поин расид.

Бояд зикр намуд, ки дар нимаи дуввуми дидор сардовар Ориф Ҷӯраев, барои дар ҷаримагоҳ бо даст бозӣ кардани узви дастаи ССКА «Помир» пенолти таъин карда буд. Вале Юсуф Рабиев, капитани «Истиқлол», аз имтиёзи хуби голзанӣ истифода карда натавонист.

Ба ин тартиб, дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки аз бозии даври 10-ум озод буд, бо 22 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мисли пешин дар ҷои аввал мебошад.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 18 имтиёз дар ҷои дуввум қарор дорад. Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ 18 имтиёз дорад, вале бо дар назардошти таносуби тӯбҳо дар ҷои севум аст.

Реклама

Responses

  1. Ташаккур ба устод!

  2. АМмо хайфи кадамхои устод ба вилояти Сугд, ки дар хар ду бози футболбозони мо бехурмати нишон доданд…

  3. Бахтиёр, устод пишет:
    Вале, мутаассифона, ин бозии рақибони аслӣ бо айби мудири бошгоҳи «Хуҷанд» Ҷамшед Марофиев ва як нафари дигар, ки аз ӯ Неъмат ном мебурданд ва бар хилофи низомномаи мусобиқа дар паҳлӯи раҳбарону мураббиёни даста менишаст, табъи меҳмононро хира кард.

  4. Я не знаю кто такой Чамшед, мне он абсолютно неинтересен. но «нашего» игрока ведь даже берун аз Точикистон знают, вот что обидно!

  5. Чамшед хамун одамои Урозда

    • Ман Марофиевро мешиносам (шояд бародари хамин Чамшед бошад), ба фикрам исмашон Рустам ё хато мекунам, хотираи гареееени суст дорам… Соле кабл сардори Хучанд буд. Шахси оличаноб. Дар варзишгохи Спартак хангоми бозихои Хучанд дар трибунаи чануби менишаст. Ман уро сахт хурмат мекунам.

      • Рустам Марофиев — вице-президент ФФСогда. Он старший брат Джамшеда Марофиева, директора ФК «Худжанд».

    • Jamshed odami Uroz mebud Vakhsha titu pit mekad…

  6. V HUJANDE RIBA GNIET S GOLOVI

  7. Перенесенный матч 8-го тура
    Сегодня 9 июня состоялся
    «Истиклол» – «Равшан» — 5:0
    Голы: Фарход Тохиров, Юсуф Рабиев (2 гола), Дилшод Восиев (2 гола).


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

Рубрики

%d такие блоггеры, как: