Автор: moderator | 01.06.2010

МАРҲИЛАИ АВВАЛ: «ВАХШ» САВВУМ ШУД


Бо бозиҳои даври 9-ум марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар давраи аввали мусобиқа пешсафи ягона гардид.

Рӯзи шанбеи 29-уми май дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дастаи мизбон – «Вахш» дар ҳузури 5000 тамошобин бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашт. Масъуд Раҳимов, бозигари «Хуҷанд», дар дақиқаи 16-ум бо зарбаи сахту нагаҳонӣ аз масофаи дур ҳисобро боз кард. Пас аз 10 дақиқа Рустам Хоҷаев, нимҳимоятгари «Вахш», низ аз масофаи дур ҳисобро баробар намуд. Баҳодур Шарифов, нимҳимоятгари мизбонон, дар дақиқаи 33-юми бозӣ тӯби ба ӯ ҳавододаи Умедҷон Шарифовро аз ҷаримагоҳ бо зарбаи барқосо ба дарвоза зад. Воқеъан, зарбаи Баҳодур чунон сахт буд, ки тӯб аз тӯри дарвоза берун рафт. Вале футболбозони «Вахш» ҳарчанд дар нимаи дуввуми дидор бисёр вазъиятҳои хуби голзанӣ доштанд, ҳисоб тағйир наёфт.

Бозии дигари даври 9-ум байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Энергетик»-и Душанбе 29-уми май дар варзишгоҳи ба номи Теша Исмоилови ноҳияи Восеъ бо ҳузури 1500 тамошобин баргузор шуд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи душанбегиҳо хотима ёфт. Голро нимҳимоятгар Акмалҷон Авазов дар дақиқаи 77-ум ба самар расонд.

Бозии охирини даври 9-ум рӯзи якшанбеи 30-юми май дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат сурат гирифт. Дастаи мизбон – «Хайр» тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ин бозии хеле шавқангезу пуршиддатро дар варзишгоҳ 7000 мухлис тамошо кард. Меҳмонон дар дақиқаи 9-уми бозӣ дар ҷаримагоҳи худ бозигари мизбонон Мирзобек Мирзоевро аз по афтонданд. Сардовар Равшан Ишматов, аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ҷаримаи 11-метра таъин намуд. Тӯбро Раҳмоналӣ Баротов, ки ба тозагӣ ба дастаи «Хайр» қабул шудааст, ба ҳадаф расонд. Ҷамолиддин Оев, бозигари мизбонон, дар замони изофии нимаи аввал (45+2) ҳисобро афзун намуд. Мансур Ҳакимов, ҳамлагари «Парвоз», дар дақиқаи 61-ум тӯбро вориди дарвозаи мизбонон кард. Бояд зикр намуд, дар ин бозӣ Шероз Абдуллоев, ҳимоятгари «Парвоз», ки ду корти зард гирифт, дар дақиқаи 37-ум аз бозӣ хориҷ шуд.

Ба ин тартиб дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 22 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 17 имтиёз дар ҷои дуввум қарор дорад. Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 17 имтиёз дар ҷои севум аст.

Натиҷаҳои бозиҳои даври 9-ум:

«Вахш» — «Хуҷанд» — 2:1

Голҳо: Раҳимов, 16 (0:1). Хоҷаев, 26 (1:1). Б.Шарифов, 33 (2:1).

«Вахш»: Юлдошев, Сабуров, Неъматов, Нуруллоев, Б.Шарифов (Қарабоев, 87), Хоҷамов, Хоҷаев, У.Шарифов (Ҳамрокулов, 66), Содиқов, Н.Ҳакимов, Усмонов.

«Равшан» — «Энергетик» — 0:1

Гол: Авазов, 77.

«Хайр» — «Парвоз» — 2:1

Голҳо: Баротов, 6, ҷаримаи 11-метра (1:0). Оев, 45+2 (2:0). М.Ҳакимов, 61 (2:1).

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА

И В Н П М О
1. «Регар» ТадАЗ 8 7 1 0 29-3 22
2. «Истиқлол» 7 5 2 0 15-4 17
3. «Вахш» 8 5 2 1 10-5 17
4. «Хайр» 8 3 2 3 12-12 11
5. «Энергетик» 8 2 2 4 9-12 8
6. «Парвоз» 8 2 2 4 10-14 8
7. «Хуҷанд» 8 1 3 4 9-17 6
8. ССКА «Помир» 7 0 3 4 2-14 3
9. «Равшан» 6 0 1 5 1-16 1

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бозигарони «Регар» ТадАЗ Давронҷон Тухтасунов бо 10 гол дар ҷои аввал, Жаилтон Оливейра бо 8 гол дар ҷои дуввум ва Юсуф Рабиев бо 6 гол дар ҷои севум мебошанд.

Нарзуллоҳи ЛАТИФ, Радиои «Озоди»

Реклама

Responses

  1. почиму равшан правел 6 игр))) а другие 8))))) или ошибка идёт))))) онлайн с ходжентом будет и ва ссолько игра почету тв не показывает матчи

    • Алекс, у «Равшана» оставались два перенесенных матча. Один команда сыграла сегодня с ЦСКА, а другой проведет 9 июня в Душанбе против «Истиклола».

  2. Перенесенный матч 7-го тура
    Равшан — ЦСКА Памир — 2:3

  3. С первой победой тебя, ЦСКА «Памир»!

  4. Голы забили: у Равшана — Исмоил Шонов и Фаридун Наврузов, у ЦСКА Памир — Сухроб Ашуров, Джонибек Гаффоров, Чарли Накути.

  5. рахмат

  6. bozi dar vose guzasht


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

Рубрики

%d такие блоггеры, как: