Автор: moderator | 13.05.2010

РАҚИБИ СЕВУМИ «ВАХШ»: АВВАЛИН БОР БАР ЗИДДИ ТОҶИКОН


Бозии «Вахш» – «Нагакорп» рӯзи 14-уми май соати 14:30 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

Бознашр – «Футболи Тоҷикистон»

FC NAGA CORP (CAMDOBIA)

Дастаи футболи «Нагакорп» ҳамагӣ 9 сол дорад, вале дар футболи Камбоҷа аллакай даст ба синааш мекӯбад.

Аллакай дар нахустин соли иштирокаш дар Премйер-Лигаи Камбоҷа дар соли 2002 ҷойи саввумро ва соли баъдаш – 2003 ҷойи дуввумро гирифтааст. Дар соли 2004 бошад як қадам ба сӯи пеш гузоштанро анъана карда, қаҳрамони Камбоҷа гардид.

Унвони қаҳрамониро баъдан дар солҳои 2007 ва 2009 такрор намуд. Дар чемпионати феълӣ, ки ҳамагӣ панҷ давр гузаштааст, дар ҷойи саввум аст ва аз пешсаф ҳамагӣ ду хол қафо мебошад.

Як бор дар сабқати Ҷоми президенти АФК аллакай баромад карда буд, вале аз ду бозӣ танҳо як хол оварду ба ҳеҷ ҷой нарафт.

Даста сомонаи вижаи худро дорад!!! – http://www.nagacorpfc.com/home.html

ДАСТАҲОИ КАМБОҶА ДАР ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТ

Бузургтарин дастоварди бачаҳакои камбоҷаӣ, ба мисли ду рақиби дигари «Вахш», нимниҳоии Ҷоми президент мебошад ва он ҳам 4 соли қабл рух дода буд.

  • 2005 – «Ҳелло Юнайтед». Дастовард: Ҷойи 4-ум дар гурӯҳ. Бозиҳо: 3 (1 пирӯзӣ ва 2 бохт). Голҳо: 5-10.
  • 2006 – «Хемара». Дастовард: Нимниҳоӣ. Бозиҳо: 4 (2 пирӯзӣ ва яктоӣ бохту мусовӣ). Голҳо: 8-6.
  • 2007 – «Хемара». Дастовард: Ҷойи саввум дар гурӯҳ. Бозиҳо: 3 (1 пирӯзӣ ва 2 бохт). Голҳо: 5-10
  • 2008 – «Нагакорп». Ҷойи 2 дар гурӯҳи интихоботӣ. Бозиҳо: 2 (1 мусовӣ ва 1 бохт). Голҳо: 2-4.
  • 2009 – «Пномпен Краун». Ҷойи 3 дар гурӯҳи интихоботӣ. Бозиҳо: 3 (1 пирӯзӣ ва 2 бохт). Голҳо: 5-10.

Бузургтарин ғалабаи дастаҳои камбоҷаӣ дар Ҷоми президенти АФК бо ҳисоби 5:1 бар «Татунг» аз Тайван дар соли 2006 мебошад. Талхтарин бохтро дар соли 2005 аз «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон бо ҳисоби 1:6 чашидааст.

ДАСТАҲОИ ТОҶИКИСТОН БО КАМБОҶА

Бозии миёни «Вахш» ва «Нагакорп» нахустин набарди мардуми шарифу иззатманди тоҷик бо камбоҷаиҳо мебошад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

Рубрики

%d такие блоггеры, как: